Содироти Эрон ба кишварҳои ҳамсоя бо вуҷуди таҳримҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i60002-Содироти_Эрон_ба_кишварҳои_ҳамсоя_бо_вуҷуди_таҳримҳои_Амрико
Мудири кулли дафтари арабӣ ва африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз идомаи содирот ба кишварҳои ҳамсоя бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи Амрико хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 18, 2020 22:03 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти Эрон ба кишварҳои ҳамсоя
    Афзоиши содироти Эрон ба кишварҳои ҳамсоя

Мудири кулли дафтари арабӣ ва африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз идомаи содирот ба кишварҳои ҳамсоя бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи Амрико хабар дод.

Фарзоди Пилтан, мудири кулли дафтари арабӣ ва африқоии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс афзуд: дар 8 моҳи гузашта содироти Эрон ба кишварҳои ҳамсоя бо вуҷуди фишорҳои иқтисодӣ ва таҳримҳои шадиди Амрико 13 миллиарду 377 миллион доллар будааст.

Пилтан гуфт: Бар асоси омори мавҷуд, содироти ғайринафтии Эрон дар 8 моҳи имсол ҳудуди 21 миллиарду 448 миллион доллар будааст, ки аз ин рақам ҳудуди 20 миллиарду 361 миллион доллар ба 20 кишвари аввали ҳадафи содиротии Эрон содир шудааст.

Ба гуфтаи Пилтан, бештарин содироти Эрон дар 8 моҳаи нахусти имсол ба кишварҳои Чин, Ироқ ва Иморот будааст.

Чин, Ироқ, Иморот, Туркия, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Индонезия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Таиланд, Арманистон, Уммон, Кувайт, Олмон, Венесуэла, Қатар, Қазоқистон, Мянма ва Ҳонг Конг 20 кишвари аввали ҳадафи содиротии Эрон дар 8 моҳи соли гузашта буданд .

 

Бештар бихонед: