Декабр 25, 2020 18:51 Asia/Dushanbe
  • То кунун 933 ҳазору 736 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд
    То кунун 933 ҳазору 736 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд

Омори маргумирҳои рӯзона бар асари ибтило ба вируси корона дар Эрон имрӯз ба 132 тан коҳиш ёфт, ки камтарин рақам дар семоҳаи ахир аст.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 21 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 906 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар ин кишвар ба як миллиону 189 ҳазору 203 нафар ва шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 54 ҳазору 440 нафар расидааст.

Ҳамчунин то кунун 933 ҳазору 736 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 80 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 750 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 56 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп