Ҳамдилии мусулмонон ва аққалиятҳои динӣ; Ҷилвае аз ваҳдати пойдори як миллат
(last modified Sun, 27 Dec 2020 12:21:02 GMT )
Декабр 27, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдилии мусулмонон ва аққалиятҳои динӣ
    Ҳамдилии мусулмонон ва аққалиятҳои динӣ

Соли нави мелодӣ дар роҳ аст. Дар остонаи оғози соли нави мелодӣ ва ҳамзамон бо баргузории оинҳои вижаи солрӯзи таваллуди Ҳазрати Исои Масеҳ (а) ҷомеаи масеҳиёни Эрон низ ба истиқболи оғози соли нав рафтааст.

Ба ҳамин муносибат «Саид Авҳадӣ», раиси бунёди шаҳид ва умури исогарон рӯзи шанбе дар дидор бо хонаводаи шуҳадои арманӣ бо табрики мелоди Исои Масеҳ (а ) ба бозмондагони шуҳадоии бузургвори арманӣ, бар нақши муҳими ақаллиятҳои динӣ дар даврони инқилоби исломӣ ва дифои муқаддас таъкид ва аз хонаводаи шаҳид «Анушавон Аюзиён» ва шаҳидон «Даҳоқон  ва Эдмонд Мусисиён» аз исору фидокории шуҳадоии ароманӣ дар 8 соли дифои муқаддас таҷлил кард.

Раиси бунёди шаҳид ва умури исоргарон бо иблоғи саломи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба хонаводаи шуҳадои арманӣ гуфт: Хонаводаи шаҳид Мусисиян танҳо хонаводаи ду шаҳиде аз арманиҳои Эрон ҳастанду бузургдашти мақоми ин хонавода, ки ду тан аз азизони худро тақдими меҳани худ кардаанд вазифаи хидматгузорони онҳо аст.

Пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ,  ақаллиятҳои динӣ ҳамгом бо мардуми мусулмони Эрон дар ҳифзу ҳаросати дастовардҳои инқилоби исломӣ кӯшиш карданду бо шурӯи ҷанги таҳмилӣ низ аққалиятҳои динии Эрон ( масеҳиён, калимиён ва зардуштиён ) то пои ҷон аз меҳани худ дифо карданд.

Аққалияти  арманиҳо, ки  бузургтарин ақаллияти динии кишвар аст дар ростои боварҳои динии худ, ки кушта шудан дар роҳи меҳанро дорои манзалати волое медонад нақши барҷастае ифо карду ҷавонон ин ақаллияти динии ормонҳои худро наҷоти кишвар аз ишғоли душман қарор доданду аз ҳамон рӯзҳои аввал дар ҷабҳаҳои набард бо душмани мутаҷовиз ҳузур ёфтанд. Тақдими 94 шаҳиди масеҳӣ, 11 шаҳиди калимӣ  ва 42 шаҳиди зардуштӣ, бахше аз торихи дифои муқаддаси Эрон аст.

 

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ, дар яке аз дидорҳояшон бо хонаводаи шуҳадоии ақаллиятҳои динӣ ба муносибати оғози соли нави масеҳӣ, дар ҳошияи дидори самимона бо хонавода яке аз шуҳадои масеҳӣ тасреҳ карданд;  «ақаллияти масеҳӣ, ҳам арманиҳо ва ҳам ошурӣ, сарбаланд берун омаданд дар инқилоб ва ҷанг . ба унвони як  эронии вафодори оқили басири шуҷоъ».

Доктор "Арман Будагянс, муаллифи китоби "Гули Марям", дар сарсухани ин китоб, ки ба омӯзиши нақши арманиҳо дар давраи мудофиаи муқаддас бахшида шудааст:  ".. .. ҳузури эрониёни арманӣ дар даврони инқилоби исломӣ ва сипас ҷанги таҳмилӣ, ба навъи ҳайрат кишварҳои ҷаҳониро барангехта буд. Магар на ин ки ҷанги таҳмилӣ, ҷанги ислом алайҳи куфр буд, пас шӯри масеҳиён ва руҳияи дифоии онон аз куҷо сарчашма гирифтаи буд?Бе тардиди шахсияти волои Ҳазрати Имоми Хумайнӣ (раҳ ) ба унвони раҳбари сиёсии эрониёни ғайри мусулмон, таъсири ғайри қобили тавсифе бар қалбу мағзи ҳама гузошта буд; ба гунае, ки масеҳиёни Эрон ва дар ин миён арманиҳо, азми худро барои дифо аз Эрон ҷазм намуда ва бо мусулмонон ҳамроҳ шуданд.

Ислом ва масеҳият ба унвони ду дини осмонӣ паёмовари ишқ, ҳамзистӣ, сулҳу муҳаббат ҳастанд. Аз ин ру аст, ки ҷомеаи мусулмонону масеҳён нисбат ба рафъи зулму ситам ва рӯёрӯӣ бо истикбору истеъмори ҷаҳонӣ бар асоси таолими динӣ эҳсоси таклиф карда ва дар арсаи мубориза бо зӯргӯён дар канор ҳам будаанд. Бе тардиди имрӯз низ пайравони тамоми адёни осмонӣ, мусаммаманд, ки бо такя бар арзишҳои илоҳӣ масири иззату каромати инсониро тай намоянд.

Мелоди фархундаи Ҳазрати Масеҳ ( а ) бар ҳамаи пайравону дӯстдорони он ҳазрат муборак бод.

Бештар бихонед: