Январ 01, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳозирон дар маросими нахустин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ бар гирифтани интиқоми хуни ӯ таъкид карданд
    Ҳозирон дар маросими нахустин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ бар гирифтани интиқоми хуни ӯ таъкид карданд

Маросими нахустин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис бо ҳузури чеҳраҳову шахсиятҳои ҷаҳони Ислом ва меҳвари муқовимат дар Теҳрон баргузор шуд.

Ин маросим рӯзи ҷумъа бо ҳузури сардори сартип Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Иброҳими Раисӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон, Фолеҳ Алфайёз, раиси Алҳашдушшаъби (басиҷи мардуми Ироқ), Зиёд Аннхола, дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҳошим Сафиуддин, раиси Шӯрои иҷроии Ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, шайх Аҳмад Бадруддин Ҳасун, муфтии аъзами Сурия ва Иброҳим Муҳамад Аддайламӣ, сафири Яман дар Теҳрон баргузор шуд.

Сардори сипаҳбуд, Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Басиҷи мардумии Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

Сардор Қоонӣ дар маросими нахустин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ, Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва ҳамроҳонашон гуфт: «Онҳое ки ин ҷиноятро анҷом доданд, бидонанд коре карданд, ки дар сартосари олам ҳар куҷо ки марде пайдо шавад, омодагӣ дорад ки он номардҳое, ки ин корро анҷом доданд, ба сазои амалашон бирасонад”.

Раиси Қувваи қазоияи Эрон низ дар ин маросим бо таъкид бар ин ки омилони ҷинояти террори сардор Сулаймонӣ дигар дар кураи Замин амният нахоҳанд дошт, гуфт: "Душманон мунтазири интиқоми сахт бошанд, замону макони онро нерӯҳои муқовимат таъйин хоҳанд кард ва зиндагӣ баъд аз ин барои душманон сахт хоҳад буд".

Раиси Басиҷи мардумии Ироқ, муфтии аъзами Сурия, раиси Шӯрои иҷроии ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дабири кулли ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар суханони худ дар ин маросим дифои шаҳид Сулаймонӣ аз Қудсу Фаластин ва муқобилаи ӯ бо саҳюнизмро ёдовар шуданду бар гирифтани интиқоми хуни вай таъкид карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп