Январ 01, 2021 22:04 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи ҷумъа, аввали январи 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи ҷумъа, аввали январи 2021 эълом шуд

Дар 24 соати гузашта 114 бемори дигари мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон ҷон бохтанд.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 286 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 803 нафар бистарӣ шуданд”.

Лорӣ афзуд: “Бо фавти 114 бемори дигар аз беморони Ковид - 19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 55 ҳазору 337 нафар расид”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар кишвар ба як миллиону 231 ҳазору 429 нафар расидааст”.

Беморони Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 84 миллион нафарро дар дунё мубтало кардаву беш аз як миллиону 828 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп