Январ 02, 2021 14:38 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ мутафаккири барҷаста, мудирии шоиста ва дорои забони гӯёе дар изҳори ҳақ буд
    Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ мутафаккири барҷаста, мудирии шоиста ва дорои забони гӯёе дар изҳори ҳақ буд

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме даргузашти олими раббонӣ, фақиҳ ва ҳакими муҷоҳид Оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздиро таслият гуфтанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар ин паём бо таслияти даргузашти Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ ба хонадони гиромӣ ва фарзандон ва низ шогирдону иродатмандони ин муаллими бузург изҳор карданд: “Эшон мутафаккири барҷаста, мудири шоиста, дорои забони гӯёе дар изҳори ҳақ ва пой бо истиқомате дар сироти мустақим буданд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, хадамоти Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дар тавлиди андешаи динӣ, нигориши китобҳои роҳгӯшо ва тарбияти шогирдони мумтоз ва асаргузор ва ҳузури инқилобӣ дар ҳамаи майдонҳое, ки эҳсоси ниёз ба ҳузури эшон мешуд, ҳаққан ва инсофан камназир аст.

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ изофа карданд, порсоӣ ва парҳезгорӣ хислати ҳамешагии эшон аз даврони ҷавонӣ то охир умр буд ва тавфиқи сулӯк дар тариқи маърифати тавҳидӣ, подоши бузурги илоҳӣ ба ин муҷоҳидати баландмуддат аст.

Оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон ва раиси Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ(раҳ.) пас аз муддате таҳаммули беморӣ дар 85 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 Узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дори фониро видоъ гуфт

 

 

Барчасп