Номаи раиси маҷлиси Эрон ба раисони маҷолиси кишварҳои ҷаҳон
(last modified Mon, 04 Jan 2021 17:35:10 GMT )
Январ 04, 2021 22:35 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Террори сардор Сулаймонӣ сулҳу амнияти байналмилалиро ба хатар андохтааст
    Қолибоф: Террори сардор Сулаймонӣ сулҳу амнияти байналмилалиро ба хатар андохтааст

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, иқдоми Амрико дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймониро мисдоқи тероризми давлатии созмонёфта, нақзи ошкори ҳокимияти миллӣ ва истиқлоли Ироқ ва нақзи ҳокимияти Ҷумҳурии исломии Эрон унвон кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар номае ба ҷамъе аз раисони маҷолиси кишварҳои ҷаҳон, раиси Иттиҳодияи байнулмаҷолис, дабирони кулли Маҷмаи маҷолиси Осиё ва исломӣ ва ҳамчунин Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, таъкид кард: Давлати Амрико сеюми январи 2020 дар як иқдоми террористии созмонёфтаву ҳадафманд сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, аз фармондеҳони аршади низомии Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамроҳони вайро дар маҳдудаи ғайринизомии фурӯдгоҳи байналмилалии Бағдод ва бо тавассул ба ҳамлаи мушакӣ ба шаҳодат расонд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо ишора ба ин ки сафари сипаҳбуд Сулаймонӣ ба Ироқ бино ба даъвати давлати ин кишвар будааст, гуфт, ин мақоми аршади низомии Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои ахир ба унвони олитарин мусташори низомии Ҷумҳурии исломии Эрон дар канори нерӯҳои мусаллаҳ ва давлати Ироқ нақши муҳимеро дар мубориза бо тероризм дар ин кишвар бар ӯҳда дошт.

Қолибоф террори сипаҳбуд Сулаймониро дар мухолифат бо эъломияи СММ ва конвенсияҳои байналмилалӣ донисту афзуд: Ин иқдоми террористӣ ба талоши ҷомеаи байналмилалӣ барои мубориза бо терроризм, ҳокимияти қонун дар муносиботи ҷаҳонӣ ва амнияу оромиши минтақа осеби ҷиддӣ ворид кардаву сулҳу амнияти байналмилалиро ба сурати ҷиддӣ ба мухотира андохтааст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ин нома бо маҳкум кардани иқдоми террористии давлати Амрико бар зарурати талоши маҷолиси кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин фоҷеаҳои террористӣ таъкид кард.

 

Бештар бихонед: