Камолвандӣ: Эрон ба роҳатӣ қодир ба ғанисозии 90 дарсадии уран аст
(last modified Thu, 07 Jan 2021 16:50:49 GMT )
Январ 07, 2021 21:50 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Эрон ба роҳатӣ қодир ба ғанисозии 90 дарсадии уран аст
    Камолвандӣ: Эрон ба роҳатӣ қодир ба ғанисозии 90 дарсадии уран аст

Сухангӯи Созмони энергетикаи атомии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳатӣ қодир ба ғанисозии болои 20 дар сад, аз ҷумла 90 дар садии уран аст.

Сухангӯи Созмони энергетикаи атомии Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯе эълом кард: пешрафтҳои ҳастаии Эрон ба гунае аст, ки ба роҳатӣ метавонад ҳар садии ғанисозӣ анҷом диҳад.

Сухангӯи Созмони энергетикаи атомии Эрон дар ин ҳол ёдовар шуд: матни қонуни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ин аст, ки агар ниёз дар ҳавзаҳои болотар аз 20 дар сад бошад Созмони энергетикаи атомӣ битавонад ин корро анҷом диҳад.

Пас аз мусаввабаи ахири Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таҳти унвони "қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеи миллати Эрон", Созмони энергетикаи атомии Эрон маваззаф шуд дар ростои масоили сулҳомез нисбат ба тавлиди уран бо ғанисозии 20 дар сад иқдом ва солона ба мезони ҳадди ақал 120 килограмми онро дар дохили кишвар захира кунад. 

Ҳамчунин Созмони энергетикаи атомии Эрон муваззаф шуд ниёзи кишвар барои масорифи сулҳомез ба уран бо ғанисозии болои 20 дар садро ба таври комил ва бидуни таъхир таъмин кунад.

Бар ҳамин асос ғанисозии 20 дарсадии уран душанбе чаҳоруми январи 2021 дар таъсисоти ғанисозии "Фурду" муҷаддадан аз сар гирифта шуд.

Ин иқдоми Эрон вокунишҳоеро ба ҳамроҳ дошт ва тройкаи европоӣ низ дар баёнияе аз ғанисозии 20 дар садии уран дар Эрон ибрози нигаронӣ карданд.

Бештар бихонед: