Январ 09, 2021 18:14 Asia/Dushanbe
  • Омори тозаи корона дар Эрон то рӯзи шанбеи 9 январи соли 2021 эълом шуд
    Омори тозаи корона дар Эрон то рӯзи шанбеи 9 январи соли 2021 эълом шуд

Дар 24 соати гузашта 82 нафари дигар аз беморони Ковиди 19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  сухангӯии Вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 5 ҳазору 924 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрони шиносоӣ ва 456 нафари бистарӣ шуданд.»

Хонум Лорӣ афзуд: «Бо фавти 82 бемори дигари Ковиди 19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар кишвар ба 56 ҳазору 100 нафар расид.»

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: « Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 280 ҳазору 438 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 67 ҳазору 466 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»

Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 89 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз як миллиону 900 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Амрико бо беш аз 22 миллиону 461 ҳазор нафари олуда ба вируси корона ва дасти кам 378 ҳазор қурбонӣ, ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро дар ҷаҳон дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп