Дастури вазири беҳдошти Эрон барои тест ва қарантинаи мусофирони вурудӣ аз Аврупо
(last modified Sun, 10 Jan 2021 14:03:01 GMT )
Январ 10, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Дастури вазири беҳдошти Эрон барои тест ва қарантинаи мусофирони вурудӣ аз Аврупо
    Дастури вазири беҳдошти Эрон барои тест ва қарантинаи мусофирони вурудӣ аз Аврупо

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба густариши вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ дар аксари кишварҳои аврупоӣ, ба зарурати тесту қарантинаи ҳамаи мусофирони вурудӣ аз Аврупо таъкид кард.

«Саид Намакӣ » вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар номае хитоб ба раисони донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвар тасреҳ кард: ҳамаи мусофироне, ки аз мақсади Аврупо ба сурати мустақим ё ғайримустақим аз марзҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ ворид Эрон мешаванд, илова бар тести муҷаддад дар мабодии вурудӣ ба муддати муносиб ва мунтабиқ бо дастуруламалҳои марбута дар маҳалли сукунат ба сурати қарантина ба сар баранд. 

Намакӣ афзуд: Ҳамкорон беҳдоштӣ мукаллафанд ҳамарӯза дар мавриди саломатӣ ва радёбии алоими беморӣ ба тариқи муқтазӣ пайгирӣ кунанд ва дар сурат мусбат шудани тести фарди мазкур ё бурузи алоим дар вай, афроди мустақими муртабит аз ҷумла хонавода ва ҳамчунин афроди ғайримустақими муртабит монанди ронандагоне, ки дар рафтуомади онон нақш доштанд, аз лиҳози тест ва соири маворид мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Токнун 5 мавриди мусбати ибтило ба коронаи ҷаҳиш ёфтаи англисӣ дар Эрон шиносоӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: