Баргузории марҳалаи аввали размоиши Паёмбари аъзам (с)-15 дар Эрон
(last modified Fri, 15 Jan 2021 12:29:53 GMT )
Январ 15, 2021 17:29 Asia/Dushanbe

Марҳалаи аввали размоиши Паёмбари аъзам (с)-15 бо иҷрои амалиёти таркибии мушакиву паҳподии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар минтақаи умумии Кавири марказии Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, марҳалаи аввали ин размоиш рӯзи ҷумъа бо рамзи “Ё Фотимаи Заҳро (с)” ва бо шиллики анбӯҳи мушакҳои баллистики замин ба замин ва амалиёти паҳподҳои таҳоҷумии бомбафкан дар минтақаи умумии Кавири марказии Эрон баргузор шуд.

Дар ин марҳала аз размоиш, ки бо ҳузури фармондеҳону масъулони олирутбаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргузор шуд, бо баҳрагирӣ аз насли ҷадиди мушакҳои балистики замин ба замин ва паҳподҳо, ҳамлаи таркибӣ ба пойгоҳи душмани фарзӣ ва нобудии тамоми ҳадафҳои таъйиншуда тамрин шуд.

Дар ин размоиш мушакҳои баллистики насли ҷадиди Эрон дар классҳои Зулфиқор, Зилзол ва Дизфул ба самти ҳадафҳои таъйиншуда партоб шуданд.

Ин мушакҳо ба сари ҷангии ҷудошавандаву қобилияти ҳидоят дар хориҷ аз ҷав ва низ қудрати убур аз сипари мушакии душман муҷаҳҳаз шудаанд.

 

Бештар бихонед: