Ройзании Теҳрону Маскав дар бораи рӯйкарди эҳтимолии давлати Байден дар ғарби Осиё
(last modified Thu, 21 Jan 2021 13:14:29 GMT )
Январ 21, 2021 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Теҳрону Маскав дар бораи рӯйкарди эҳтимолии давлати Байден дар ғарби Осиё

Сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Маскав ва муовини умӯри байналмилали Вазорати хориҷаи Русия дар хусӯси масоили муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо меҳварияти масоили ғарби Осиё ва рӯйкарди эҳтимолии давлати ҷадиди Амрико дар қиболи масоили ин минтақа ройзанӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Козим Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Маскав ва Сергей Вершанин-муовини умури байналмиллалии вазорати хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар нишасте ҳамчунин дар бораи бархе масоили муҳими ҳамкориҳо байни ду кишвар дар Созмони миллал ва дар сойири маҷомеъи байналмиллалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

 Таъкид бар тадовуми ройзаниҳо ва ҳамкориҳо байни Эрону Русия дар заминаи масоили минтақаӣ мавриди баҳс дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид аз ҷумлаи Сурия , Яман , Лубнон , Либи ва ҳамчунин ҳуқуқи башар аз меҳварҳои дигари ин нишаст буд.

 Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин дар хусуси идомаи тамосҳо ва дидорҳои худ ибрози тамоюл карданд.

Бештар бихонед: