Интихобҳои пешорӯи давлати Байден аз нигоҳи вазири хориҷаи Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар Твиттер ба интихобҳои асосӣ, ки пешорӯи давлати ҷадиди Амрико қарор дорад, ишора кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳисоби Твиттери худ навишт: «Давлати нави Амрико бо интихобе асосӣ рӯ ба рӯ аст, ин давлат метавонад сиёсатҳои шикастхурдаи қаблиҳоро дар пеш бигирад ва ба масири таҳқири ҳамкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ идома диҳад ё метавонад фарзҳои шикастхурдаро рад карда, сулҳу оромишро дунбол кунад».
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи паёми твиттериаш линки ёддошти худ дар нашрияи «Форин эффейрс» -ро низ мунташир кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин ёддошт таъкид кардааст, ки ғарбиҳо набояд аз Эрон хостаҳои наве беш аз он чӣ дар тавофуқи ҳастаӣ аст, дошта бошанд.
Бештар бихонед:
- Зариф: Ҳукми боздошти Трамп содир шуд
- Кинояи вазири умури хориҷаи Эрон ба мақомҳои амрикоӣ
- Вокуниши Зариф ба фарофиканиҳои Трамп