Эрон : Иҷоза намедиҳем ДИИШ худро дубора созмондеҳӣ кунад
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷумҳӯрии исломӣ иҷоза намедиҳад ДИИШ фаъолияташро аз сар бигирад.
Саиди Хатибзода -сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии ҳафтагии худ бо хабарнигорон дар бораи ҳамалоти террористии ахир дар Ироқ гуфт : « Қатъан тероризм дар ифротигариҳои фикрӣ реша дораду ба назар мерасад тарафҳои сеюме ҳастанд, ки мехоҳанд аз оби гилолуд дар минтақа моҳӣ бигиранд. Қатъан Ҷумҳӯрии исломӣ дар канори муттаҳидони худ иҷоза намедиҳад ДИИШ худро як бори дигар дар минтақа сомондеҳӣ кунад.»
Хатибзода ҳамчунин дар посух ба саволе дар бораи таҳаввулоти минтақа ва Арабистони саъудӣ таъкид кард : « Мавзеи мо дар бораи ҳамаи ҳамсоягон яксон аст . Агар воқеан Арабистон аз ин чархаи ботили хушунату ҳамкорӣ бо кишварҳои фароминтақа фосила бигирад , оғӯши Эрон барои Арабистон боз аст.«
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд : « Наметавонем бубинем мардуми Яман бомбаборон шаванд , ё Ансоруллоҳро дар феҳристи тероризми худхондаи Амрико қарор диҳанд ва дар айни ҳол бишнавем Арабистон ба дунболи гуфтугуҳои минтақаӣ аст.»
Саиди Хатибзода дар бораи чигунагии бозгашти Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ ё Барҷом ҳам таъкид кард, ки бозгашт ба Барҷом бояд мутаъаҳҳидона ва масъулона бошад.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Иттиҳомзанӣ ва фарофикании мақомҳои Арабистон алайҳи Эрон
-
Тарси Арабистон аз бозгашти Байден ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон