Таҷлили Раҳбари инқилоб аз барҷастагиҳои илмӣ ва ихлоси шаҳид Фахри‌зода
(last modified Mon, 25 Jan 2021 17:25:07 GMT )
Январ 25, 2021 22:25 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хоманаӣ: Шаҳодати Муҳсини Фахризода музди заҳамоту ихлоси камназири ӯ буд
    Оятуллоҳ Хоманаӣ: Шаҳодати Муҳсини Фахризода музди заҳамоту ихлоси камназири ӯ буд

Хонаводаи донишманди барҷаставу мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон - шаҳид Муҳсини Фахризода имрӯз (душанбе) бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо таҷлил аз барҷастагиҳои илмиву фаннии шаҳид Фахризода ва ҳузури сахткӯшонаи он донишманди олимақом дар майдони илму амал гуфтанд: Мақоми олӣ, ки Худованд бо шаҳодат ба он бузургвор ато кард, музди заҳамоту ихлоси камназири ӯ буд ва ин мақом бо ҳеч як аз мақомҳои дунявӣ қобили муқоиса нест.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ азамат ёфтани номи шаҳид Фахризода дар миёни умуми мардум ва ибрози таассуфи бисёре аз ҷавонон аз ношинохта будани ӯ дар замони ҳаёташро аз дигар осори ихлоси шаҳид донистанд.

Эшон ҳамчунин гуфтанд: “Ҳамсарони шуҳадо дар аҷри онҳо шарик ҳастанд ва аз Худованд мехоҳем, ки сабру оромиши худро бар дилҳои Шумо нозил фармояд ва ба тавфиқи илоҳӣ битавонед ҳаракати худро мутаносиб бо шаъни шаҳид идома диҳед”.

Дар ин дидор ҳамсару фарзандони шаҳид Фахризода аз паёми муҳаббатомезу равшангари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз террори шаҳид Фахризода қадрдонӣ карданд.

Муҳсини Фахри‌зода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва аз донишмандони барҷастаи санъати ҳастаӣ 27 ноябри 2020 дар ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.

Бештар бихонед: