Январ 26, 2021 21:59 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Афғонистон эълом кард, Теҳрон назароти Кобулро қабл аз вурӯди ҳайати Толибон ба Теҳрон дарёфт кардааст
    Вазорати хориҷаи Афғонистон эълом кард, Теҳрон назароти Кобулро қабл аз вурӯди ҳайати Толибон ба Теҳрон дарёфт кардааст

Давлати Кобул эълом кард, аз сафари ҳайати Толибон ба Эрон бохабар будааст.

Ба гузориши ИРНА, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар баёнияе эълом кард: «давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди сафари ҳайати Толибон ба Эрон давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистонро огоҳ намуда ва дар ин маврид назариёти давлати Афғонистонро қаблан мутолиба ва дарёфт кардааст.»

Бар асоси ин эълом, ҳадаф аз танзими сафари ҳайати Толибон ба Эрон ин аст то Ҷумҳурии Исломии Эрон, афзӯн бар шарҳи дидгоҳҳои худ, Толибонро дар мавриди иҷмоъи минтақаӣ дар бораи таъмини оташбаси фаврӣ, дастёбӣ ба як тавофуқи ҷомеъи сулҳ дар чорчӯби низоми ҷумҳурӣ ва ҳифзи арзишҳои қонӯни асосии Афғонистон, огоҳ созад.

Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳамчунин таъкид кард, Эрон мехоҳад итминон ҳосил кунад, ки Афғонистон пасомунозиа бори дигар ба пойгоҳи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил нахоҳад шуд ва ҳамчун маркази иттифоқ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп