Ҳаҷми боркашонии роҳи оҳанӣ миёни Эрону Туркия то як миллион тон афзоиш меёбад
(last modified 2021-01-28T12:46:40+00:00 )
Январ 28, 2021 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷми боркашонии роҳи оҳанӣ миёни Эрону Туркия то як миллион тон афзоиш меёбад

Равобити умумии роҳи оҳани Ҷумҳӯрии исломии Эрон эълом кард : Вазорати нақлиёти Туркия аз имзои пешнависи тавофуқномаи боркашонии як миллион тон бор бо Эрон барои соли 2021 хабар дод.

Роҳи ‌оҳани Ҷумҳӯрии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар гузорише эълом кард , Вазорати нақлиёти Туркия бо интишори иттилоъияе таъкид карда аст , намояндагони роҳи оҳани Туркияу Эрон 12-13 январ дар Анқара гирдиҳам омаданд  ва дар ин чорчӯб пешнависи тавофуқнома барои оғози давраи нав дар ҳамлу нақли роҳи оҳании миёни ду кишвар имзо шуд.

 Ба асоси ин гузориш , Туркияву Эрон бо вуҷуди давраи корона дар соли 2020 бо баҳрабардорӣ аз 3 қатор дар рӯз , муваффақ шуданд 564 ҳазор тони бор ҷобаҷо кунанд; роҳандозии ду баробарӣ бо зарфияти 50 вагон аз тариқи кули  Ван нақши муассире дар афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дошта аст.

 Роҳи ‌оҳани Ҷумҳӯрии исломии Эрон тасреҳ кард , вазорати нақлиёти Туркия таъкид карда ,ки дар ин замина ҳамаи тадобири лозим барои афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақл миёни Туркияу Эрон ба як миллион тон дар чашмандози соли 2021 ба нақша гирифта шуда аст.

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп