“Қонуни иқдоми роҳбурдӣ” - иқдоме барои ҳифозат аз ҳуқуқи барҷомии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i61598-Қонуни_иқдоми_роҳбурдӣ_иқдоме_барои_ҳифозат_аз_ҳуқуқи_барҷомии_Эрон
Амрико дар 8 майи 2018 бо хуруҷи якҷониба аз БарҶом ва дубора ҷорӣ кардани таҳримҳои бекоршудаи таҳти БарҶом, таҳримҳои ҷадидеро бар зидди Эрон бо барчасбҳои нав ва сохтагӣ эъмол кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 02, 2021 14:48 Asia/Dushanbe
  • “Қонуни иқдоми роҳбурдӣ” - иқдоме барои ҳифозат аз ҳуқуқи барҷомии Эрон

Амрико дар 8 майи 2018 бо хуруҷи якҷониба аз БарҶом ва дубора ҷорӣ кардани таҳримҳои бекоршудаи таҳти БарҶом, таҳримҳои ҷадидеро бар зидди Эрон бо барчасбҳои нав ва сохтагӣ эъмол кард.

Амрико бо ин рафтори худ, ки ҳеч тавҷеҳи қонунӣ надошт, бар дигар кишварҳо низ барои ташдиди таҳрим бар зидди Эрон фишор ворид кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба ҳифзи БарҶом ба тааҳҳудоти худ амал кард ва пойбандии Эрон дар 15 гузориши паёпайи мудири кулли ожонс мавриди таъйид қарор гирифт.

 

 

Эрон ногузир пас аз як соли сабри роҳбурдӣ, дар иқдоме вокунишӣ ба тааллули Аврупо дар амал ба тааҳҳудоти мутақобил дар чорчӯби ҳуқуқи дарҷшуда дар БарҶом ва бар асоси бандҳои 26 ва 36, бахше аз тааҳҳудоти довталабонаи худ дар заминаи маҳдудсозии фаъолиятҳои ҳастаиро таҳти назорати ожонс ба ҳолати таъхир даровард . Иқдоми роҳбурдии Эрон низ, ки дар маҷлис ба тасвиб расидааст, дар ростои ин тасмими мантиқӣ аст.

Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард; Заминаҳову далоили тасвиби “Қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеи миллати Эрон" тайи гузорише тавҷеҳӣ ба итилои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва кишварҳои узв расид ва ба унвони санади ожонс низ сабт шуд.

Намояндаи Эрон дар ожонс мавориде аз ҷумла хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз БарҶом, вахимтар шудани шароити БарҶом дар асари адами иҷрои тааҳҳудоти тарафҳои аврупоӣ ва барҳам хӯрдани тавозун миёни тааҳҳудоти дарҷшуда дар Барҷом, харобкорӣ (ҳастаӣ) ва террор (шаҳид Фахризода, донишманди барҷастаи дифоӣ ва ҳастаӣ) ва ё ҳимоят аз чунин сиёсате аз тариқи сукут дар баробари иқдомоти мухарриб, бо вуҷуди иқдоми Эрон дар чорчӯби Барҷом ва идомаи ҳамкории комилу шаффоф бо ожонсро аз меҳварҳои номаи Эрон ба ожонс баршумурд.

БарҶом як тавофуқи чандҷонибаи байналмилалӣ аст, ки тавассути Қатъномаи 2231 Шӯрои амният таъйид ва тасбит шудааст. Амрико аммо аз ин тавофуқ хориҷ шуд ва Аврупо низ бо вуҷуди тааҳҳудоташ дар ҳифзи БарҶом нотавон будааст. Теҳрон аммо бо вуҷуди нақзи БарҶом аз сӯи Амрико, ба тааҳҳудоти худ пойбанд монд ва танҳо тадобири ҷубронии аз қабл пешбини‌шударо рӯйи даст гирифт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар суханронии ахирашон ба муносибати солрӯзи қиёми 19 дайи 1356 (9 январи 1978) мардуми Қум, бо ишора ба масаълаи БарҶом гуфтанд: Ҷумҳурии исломӣ ҳеч исрору аҷалае барои бозгашти Амрико ба БарҶом надорад, балки мутолибаи мантиқии мо рафъи таҳримҳо ва бозгардондани ҳаққи ғасбшудаи миллат аст, ки ин вазифаи Амрико ва аврупоиҳои дунболарави он аст.

Раҳбари муаззами инқилоб тасмими маҷлис ва иқдоми давлат барои коҳиши бахши дигаре аз тааҳҳудоти БарҶомро комилан дурусту ақлонӣ донистанд ва афзуданд: Амал кардани ҷумҳурии исломӣ ба ҳамаи тааҳҳудоти худ дар шароите, ки тарафи муқобил ба ҳамаи тааҳҳудоти худ амал намекунад, бемаънӣ аст.

“Агар онҳо ба тааҳҳудоти худ бозгарданд, мо низ барме‌гардем, ҳамчунон, ки банда аз ибтидои БарҶом гуфтам; иқдомот бояд ба сурати мутанозир ва «кору тааҳҳуди онҳо дар муқобили кору тааҳҳуди мо» бошад, ки албатта ин аввали кор анҷом нагирифт, аммо акнун бояд анҷом шавад”.

Номаи Эрон ба мудири кулли ожонс дар воқеъ таъкид бар мавзеи мантиқии Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи БарҶом аст. Бинобар ин, агар тамоюле ба эҳё ва ҳифзи БарҶом аз тарафи аврупову Амрико вуҷуд дошта бошад, роҳи бозгашт масдуд нест ва ба иродаву ҳусни нияти тарафи муқобил бастагӣ дорад.

 

Бештар бихонед: