Эътирофи генерали амрикоӣ ба интишори ахбори маҳрамона дар бораи "Stuxnet"
Генерали бознишастаи амрикоӣ дар додгоҳи федералии Амрико ба интишори ахбори маҳрамона дар иртибот бо вируси "Stuxnet", ки барои ҳамалот ба барномаи ҳастаии Эрон тарроҳӣ шуда буд, эътироф кард.
Ба гузориши "Рейтерс", Ҷеймс Кортройт, генерали чаҳорситора ва бознишастаи Нерӯи дарёии Иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯзи душанбе дар додгоҳи федералӣ ҳозир шуд ва дар бораи иттиҳомоти худ ба ифшои иттилооти маҳрамонаи ҳамалоти сойберӣ ба барномаи ҳастаии Эрон бо тавассул ба вируси "Stuxnet" тавзеҳ дод.
Кортройт аз соли 2007 то 2011 муовини раиси Ситоди муштараки артиши Амрико буда ва тибқи ахбори расонаҳо, вай аз авомили аслии тарроҳии амалиёти вируси "Stuxnet" алайҳи барномаи ҳастаии Эрон буд.
Кортройт дар ҷараёни таҳқиқоти федералӣ дар соли 2012 гуфта буд, ӯ манбаи хабарҳои дарҷшуда дар китоби мунташиршуда тавассут Дейвид Сенго, хабарнигори "Ню-Йорк таймс" дар хусуси вируси мазкур набудааст.
Дар китоби мунташиршуда тавассути рӯзноманигори амрикоӣ таъкид шуда буд, ки вируси "Stuxnet" ба манзури ҳамалот ба барномаи ҳастаии Эрон тарроҳӣ ва ба кор гирифта шуда буд.