Феврал 11, 2021 22:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёте аз номаи роҳбурдии Раҳбари муъаззами инқилоб ба Путин

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар умури байналмиллалӣ ҷузъиёте аз номаи роҳбурдии Раҳбари муъаззами инқилоби исломии Эрон ба раиси ҷумҳурии Русияро матраҳ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- дастёри вижаи раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар умури байналмиллали рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо пойгоҳи иттилоърасонии KHAMENEI.IR бо ишора ба номаи Раҳбари муъаззами инқилоби исломии Эрон ба Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт: Имрӯз дар маркази тавваҷуҳоти андешмандони ҳавзаи равобити байналмиллал дидгоҳҳои Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба унвони яке аз соҳибназароне, ки дарки дурусте аз ҳандасаи равобити байналмиллалии сиёсатҳои ҷаҳонӣ доранд, мавриди тавваҷуҳ қарор мегирад ва нақшаҳои роҳе ки тавассути эшон дар фазои байналмиллал тарсим мешавад,бо унвони ғояҳои ҷадид дар шаклдеҳӣ ба назми ҷадиди ҷаҳонӣ расад мешавад.

Амирабдуллоҳиён афзуд : Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид доранд, ки дар сиёсати хориҷӣ бояд мутавозин амал кард; яъне ҳам ба сиёсати на шарқӣ, на ғарбӣ барои ҳифзи истиқлол амал кунем ва ҳам равобити хориҷиро бо ҳамаи ҷаҳон ҳифз кунем .

  Дастёри вижаи раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар умури байналмиллал бо баёни инки бидуни тардиди қарни 21 қарни Осиё аст, тасреҳ кард : Интихоби замони сафари раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон ба Русия дар марҳилае  ки  иҷоранишинҳои ҷадидии вориди Кохи сафед шудаанд, ин паёмро ба муттаҳидини Эрон медиҳад, ки Ҷумҳӯрии исломии Эрон беш аз ин маъаттали бозии Кохи сафед дар Барҷом нахоҳад шуд.

  Амирабдуллоҳиён гуфт : Паёми Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба Путин нукоти муҳим ва дақиқе дошт,ки барои русҳо бо тавваҷуҳ ба муносиботи ҷадиди байналмиллалӣ барои истеҳкоми равобити роҳбурдӣ ва пойдори ду кишвар муҳим буд .

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп