Размоиши дарёии муштараки Эрон ва Русия фардо оғоз мешавад + филм
Размоиши муштараки Нерӯҳои дарёии Эрон ва Русия, мавсум ба “Размоиши амнияти дарёӣ – 2021” аз фардо, сешанбе дар бахшҳои шимолии уқёнуси Ҳинд оғоз мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, сухангӯи размоиши амнияти дарёии Эрон ва Русия 2021 гуфт: Ин размоиш бо ҳузури нерӯҳои дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Нерӯи дарёии Русия баргузор мешавад ва ҳадафи он барқарории амният дар шимоли уқёнуси Ҳинд, дар бахшҳои имдоду наҷот, интиқоли маҳорат ва нишон додани таомули Нерӯи дарёии Эрону Русия дар арсаи байналмилалӣ аст.
Нохудо Ғуломризо Таҳонӣ изофа кард: Сулҳу дӯстӣ паёми ҳамаи размоишҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ба кишварҳои минтақа аст ва амнияти минтақаӣ бо ҳамкории кишварҳои минтақа шакл хоҳад гирифт.
Ин размоиш, ки бо шиори “Ҳамкории ҷамъӣ дар дарё барои амнияти тиҷорати дарёӣ” дар минтақае ба вусъати 17 ҳазор километр баргузор мешавад, дувумин размоиши Нерӯи дарёии Эрон ва Русия дар манотиқи ҷанубии Эрон аст.
Бештар бихонед:
- Оғози размоиши муштараки Русия, Эрон, Чин ва Тоҷикистон
- Рӯнамоӣ аз ҷадидтарин мушаки баллистики дарёии Сипоҳи посдорон бо бурди 700 километр
- Размоиши паҳподии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд