Озодии чаҳор эронии боздошт шуда дар Ҳинд
(last modified Sat, 20 Feb 2021 07:05:03 GMT )
Феврал 20, 2021 12:05 Asia/Dushanbe
  • 4 эронӣ аз зиндонҳои Ҳинд озод шуданд
    4 эронӣ аз зиндонҳои Ҳинд озод шуданд

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Нав аз озодии чаҳор эронии боздошт шуда дар зиндони марказии Иёлати Бангалори Ҳинд хабар дод.

Алии Чагнӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Нав дар гуфтугӯи хабаргузории Форс афзуд, ин дувумин гурӯҳ аз боздошт шудагони эронӣ ҳастанд, ки дар як моҳи гузашта озод ва ба Эрон бозгаштаанд.

Ин чаҳор нафар дар зиндони марказии Иёлати Бангалори Ҳинд дар боздошт басар мебурданд ва рӯзи ҷумъа дар пайи талошҳо ва пайгириҳои мустамари сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Нав ва сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳайдаробод ва ҳамкории мақомоти ҳиндӣ, пас аз интиқол ба Деҳлии Нав ба Эрон бозгаштанд.

Гуфтанист пеш аз ин 15 моҳигири эронӣ, ки ба далели вурӯди ғайриқонӯнӣ ба обҳои Ҳинд дар ин кишвар боздошт шуда буданд, пас аз як сол озод ва ба Эрон бозгаштанд.

 БЕШТАР БИХОНЕД: