Ваксинаи эронии корона, омодаи вуруд ба марҳилаи дуввуми озмоиши инсонӣ
(last modified Sun, 21 Feb 2021 20:26:04 GMT )
Феврал 22, 2021 01:26 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи эронии корона, омодаи вуруд ба марҳилаи дуввуми озмоиши инсонӣ
    Ваксинаи эронии корона, омодаи вуруд ба марҳилаи дуввуми озмоиши инсонӣ

Гурӯҳи тадқиқотии ваксинаи эронии корона бо номи "Ков Эрон баракат" аз омодагии комили ин ваксина барои вуруд ба марҳилаи дуввуми озмоишии инсонӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мино Маҳраз, мутахассиси нозир бар корозмоии болинии ваксинаи "Ков Эрон Баракат" рӯзи якшанбе бо баёни ин ки натоиҷи озмоиши ваксинаи "Ков Эрон Баракат" бисёр олӣ будааст, гуфт: Баъд аз итмоми тазриқҳо ва ироаи натоиҷ эҳтимолан ҳафтаи оянда вориди марҳилаи баъдӣ ва баррасии асаргузорӣ хоҳем шуд.

Маҳраз афзуд: Бо тамоми таҳримҳо зербиноҳои сохти ваксинаи тавлид ва сохта шуд ва ҳоло ин маҷмӯа ин имконотро ба вуҷуд оваардааст.

Масъулони гурӯҳи тавлиди ваксинаи корона ситоди иҷроии фармони Ҳазрат Имом Хумайнӣ (раҳ) низ гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба муваффақият дар мароҳили таҳқиқотӣ ва марҳилаи аввали озмоиши инсонӣ то авохири баҳор зарфияти тавлид 10 миллион доза ваксинаи "Ков Эрон Баракат" фароҳам мешавад.

Инчунин Фарид Наҷафӣ, муовини таҳқиқот ва фановарии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Марҳилаи сеюми озмоиши клиникии ваксинаи Эрону Куба шояд дар давоми як моҳи оянда оғоз шавад.

Муовини вазири таҳқиқот ва технологияи Вазорати тандурустӣ ва таълими тиббии Эрон афзуд: "Ваксинаи Куба, ки бояд дар ҳамкорӣ бо Эрон истеҳсол шавад, дар Куба марҳилаҳои як ва ду ва марҳилаи сеюмро тай кардааст, ки шояд 30-40 ҳазор нафар вориди мутолиа мешаванд, дар Эрон ва Куба ҳамзамон анҷом мешавад.

 

Бештар бихонед: