Шикасти ҳуқуқии Амрико муқобили Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон
Девони доварии даъвоҳои Эрон – Амрико, мустақар дар шаҳри Лоҳа (Гаага)-и Ҳолланд (Голландия) бо судури раъй давлати Амрикоро ба баргардондани амволи Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон маҳкум кард.
Девони доварии даъвоҳои Эрон – Амрико, мустақар дар шаҳри Лоҳаи Ҳолланд давлати Амрикоро ба истирдоди амволи Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба арзиши тақрибии як миллиону 300 ҳазор доллар маҳкум кардааст.
Ин ҳукм қатъӣ аст ва ба зудӣ амалӣ мешавад.
Додрасҳои расидагикунанда, муҳлати чаҳормоҳаеро барои иҷрои ин раъй таъйин ва муқаррар кардаанд, ки Вашингтон мукаллаф аст бо муҳосибаи хисороти ворида дар маҷмуъ як миллиону 238 ҳазору 110 доллар ба Созмони садо ва симо хисорат бипардозад.
Судури ин раъй метавонад ба унвони таҷрибае муҳим дар тарҳи даъвоҳои Эрон алайҳи давлати Амрико ба манзури истирдоди дигар амволи ба ноҳақ гирифташуда ё тавқифшудаи миллати Эрон истифода шавад.