Шабакаи барқи Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳам мепайвандад
-
Сайид Аббоси Мусавӣ, сафири Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон эълон кард тавофуқ шудааст, ки то ба зудӣ шабакаи барқи Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия ба якдигар муттасил шаванд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Trend гуфт: «Бо муттасил шудани шабакаи барқи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия имкони баҳрабардорӣ аз барқи афзун бар ниёзи ин кишварҳо барои тарафҳои дигар фароҳам мешавад.»
Сафири Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин бо ибрози норизоятӣ аз ҳаҷми 500 миллион доллари равобити тиҷории ду кишвар гуфт: «Муътақидам бо ҳамкориҳои наздик ва иҷрои проектҳои муштараки бештар, қодир хоҳем буд то ҳаҷми равобитро то 5 миллиард доллар афзоиш диҳем.»
Мусавӣ ҳамчунин гуфт: «Эрон ба унвони ҳамсояи ҷумҳурии Озарбойҷон, аз фурсатҳои зиёде бархурдор аст ва метавонад ба давлат ва мардуми ин кишвар дар заминаи бозсозии Қарабоғ кумак кунад.»
Бештар бихонед: