Март 06, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Барномаи ваксинатсияи  корона дар Эрон зудтар аз ваъдаи пешбинишуда ба поён хоҳад расид
    Барномаи ваксинатсияи корона дар Эрон зудтар аз ваъдаи пешбинишуда ба поён хоҳад расид

Сухангӯи Созмони хӯрокворӣ ва доруи Эрон аз воридот, тавлиди муштарак ва тавлиди дохилии беш аз 180 миллион доза ваксинаи корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, сухангӯи созмони ғизо ва доруи Эрон Киёнуши Ҷаҳонпур рӯзи шанбе гуфт: Бар асоси барномаи ҷомеъи ваксинатсия алайҳи корона дар Эрон бо пешбинии шароити эҳтимолӣ беш аз 180 миллион доза ваксина дар муддати як сол дар ихтиёри басиҷи миллии ваксинатсия қарор хоҳад гирифт, ки фаротар аз бароварди ниёзи кишвар аст. 

Ба гуфтаи сухангӯи созмони ғизо ва доруи Эрон чаҳор роҳбурди хариди мустақим, воридот аз масири созукори Куввокс, тавлиди муштарак ва тавлиди дохилии ваксина бо муваффақият дар ҳоли иҷрост ва бар ин асос барномаи яксолаи ваксинатсия алайҳи корона дар Эрон ҳатто зудтар аз мавъиди пешбинишуда ба поён хоҳад расид.

Ҷаҳонпур таъкид кард: 21 миллион дозаи ваксинаи корона аз масири хариди мустақим ва сабади Куввокс харидорӣ шудааст, ки батадриҷ тибқи барномаи замонбандишуда ва тавони тавлиди тавлидкунандагон вориди кишвар хоҳад шуд. 

Вай изофа кард : Эрон ҳамчунин метавонад илова бар таъмину такмили ниёзи худ дар канори сойири милалу ҷавомеъе, ки ниёзманди ваксинаи корона бошанд қарор гирад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп