Март 13, 2021 19:26 Asia/Dushanbe
  • Конфедератсияи футболи Осиё эълом дошт, ки Баҳрайн дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022 гурӯҳи С-ро мизбонӣ мекунад
    Конфедератсияи футболи Осиё эълом дошт, ки Баҳрайн дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022 гурӯҳи С-ро мизбонӣ мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонии гурӯҳи “С” -и мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022-ро ба Баҳрайн дод ва ҳаққи мизбонии Эронро нодида гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии варзиши 3,  қабл аз оғози ҳамагирии вируси корона Эрон мизбони се бозӣ аз чаҳор бозии даври баргашти худ дар мусобиқаҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар буд, аммо конфедератсияи футболи Осиё ва раиси баҳрайнии он бо нодида гирифтани ҳаққи Эрон, ба баҳонаи корона ва зарурати баргузории мусобиқаҳо дар як кишвар ба таври мутамарказ, Баҳрайнро мизбони  гурӯҳи C эълом карданд. 

Ин дар ҳолест, ки Баҳрайн ва Ироқ ду рақиби аслии Эрон дар гурӯҳи C дар даври рафти мусобиқот, ки пеш аз корона баргузор шуда буд дар хонаи худ мизбони Эрон буданд. 

Мизбонҳои мусобиқоти боқимонда аз даври аввали марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ба шарҳи зер интихоб шудаанд:  

  • Кишвари Чин мизбони гурӯҳи A-и мусобиқот хоҳад буд, ки  Сурия, Филиппин, Молдова ва Гуамро дарбар мегирад. 
  • Кувайт мизбони гурӯҳи B мебошад, ки ба он Австралия, Урдун, Непал ва Тайбэйи Чин шомиланд.
  •  Дар гурӯҳи C, Баҳрайн мизбони Эрон, Ироқ, Ҳонконг ва Камбоҷа аст.
  • Дар гурӯҳи D Арабистони Саудӣ мизбони Узбакистон, Сингапур, Яман ва Фаластин мебошад. 
  • Инчунин дар гурӯҳи E ин мусобиқа, Қатар мизбони Уммон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Бангладеш аст, албатта, Қатар дар ин мусобиқа ба таври рамзӣ ҳузур дорад.

  • Дар гурӯҳи F Ҷопон дар майдони худ Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар ва Муғулистонро қабул мекунад.

  • Имороти Муттаҳидаи Араб барои мизбонии гурӯҳи G интихоб мешаванд ва дар Ветнам, Малайзия, Таиланд ва Индонезия меҳмон мешаванд.

  • Бозиҳои гурӯҳи охирини интихобии Осиё, гурӯҳи H, низ ба мизбонии Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ки бо Туркманистон, Лубнон, Кореяи Шимолӣ ва Шри-Ланка рақобат хоҳанд кард. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп