Радди иддаои нақши Эрон дар ҳамлаи мушакӣ ба киштии амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i6364-Радди_иддаои_нақши_Эрон_дар_ҳамлаи_мушакӣ_ба_киштии_амрикоӣ
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, иддаои генерали амрикоӣ бино бар нақши эҳтимолии Эрон, дар ҳамлаи мушакӣ ба киштиҳои амрикоӣ дар дарёи Сурхро ба шиддат рад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 20, 2016 13:46 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои нақши Эрон дар ҳамлаи мушакӣ ба киштии амрикоӣ

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, иддаои генерали амрикоӣ бино бар нақши эҳтимолии Эрон, дар ҳамлаи мушакӣ ба киштиҳои амрикоӣ дар дарёи Сурхро ба шиддат рад кард.

Ба гузориши идораи кулли дипломасии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ бо беасос ва машкук хондани изҳороти генерали амрикоӣ дар бораи нақши эҳтимолии Эрон, дар ҳамлаи мушакӣ ба самти киштиҳои амрикоӣ дар дарёи Сурх таъкид кард, ин изҳороти достонӣ ва тахайюлӣ, тавъам бо гумоне ҳокӣ аз сардаргумии амрикоиҳо аст.

Қосмӣ афзуд, давлати Амрико бояд муроқиби иқдомоти касоне бошад, ки бо таҷовузҳои ваҳшиёнаи худ дар ботлоқи ҷанги Яман дасту по мезананд ва барои наҷоти худ аз вартаи ин шикаст, мехоҳанд бо афзоиши таниш ва густариши доманаи ҷангу хушунат, дигаронро ба саҳнаи ҷанги беҳосили Яман ворид кунанд.

Вай гуфт, низомиёни амрикоӣ, ки бо кумаки мустақим ва ғайри мустақими худ ба эътилофи Саудӣ дар ҷиноёти зидди мардуми Яман, нақши ғайри қобили инкоре доранд ба ҷои фарофиканӣ, монеъи хунрезиҳои бештар шуда ба куштори мардуми бедифо ва мазлуми Яман тавассути ҳампаймонони худ хотима диҳанд.