Рӯҳонӣ: Эрон хоҳони ҳамзистии мусолиматомез дар ҷаҳон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамзистии мусолиматомез дар ҷаҳонро хостаи аслии мардуми Эрон эълом кард.
Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими Рӯзи миллии содирот дар ҷамъи содиркунандагони бартари Эрон дар Теҳрон гуфт, Эрон бо садои баланд мегӯяд, ҳамзистии мусолиматомезро дар ҷаҳон ва минтақа хостор аст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид ба вуҷуди зарфиятҳои фаровон ва истеъдодҳои дурахшон дар Эрон тасреҳ кард, бояд ҷойгоҳи баланди сиёсӣ ва иқтисодии Эронро ба ҷаҳониён нишон дода собит кард, ки эронҳаросии золимонае, ки дигарон ба вуҷуд оварда буданд, ҳақиқат надоштааст.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки беҳтарин содирот дар сояи рақобати муваффақ шакл мегирад, гуфт, тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) тавонистааст мушкилот ва мавонеъро аз сари роҳи тоҷирону соҳибкорон, содиркунандагони молу хадамот, вуруди сармоя ва осон кардани равобити бонкӣ бардорад. Ӯ таъкид кард, бузургтарин ҳадафи Ҳукумати Эрон осон кардани тиҷорат, тавсеаи иқтисодӣ, содироти колои эронӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят аз тоҷирони байналамилалӣ ва содироти моли эрониро аз масъулиятҳои Вазорати умури хориҷа ва сафорату консулгариҳои Эрон дониста гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муваффақият дар бахши тавлиду содирот равобиташро бо дунё бар асоси ҳамкории созанда ба роҳ мондааст.