29 исфанд - солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон
(last modified Fri, 19 Mar 2021 14:22:13 GMT )
Март 19, 2021 19:22 Asia/Dushanbe
  • 29 исфанд - солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон

Имрӯз, ҷумъа, 29 исфанд (19 март) шастунуҳумин солрӯзи миллӣ шудани санъати нафти Эрон аст.

Тарҳи миллӣ шудани санъати нафти Эрон 20 марти 1951 бо пешниҳоди аъзои камиссиюни нафт дар маҷлиси Эрон ба тасвиб расид ва нафти Эрон ба таври расмӣ миллӣ шуд.

Пас аз як давраи сиёсии пуртаниш бо миллӣ шудани санъати нафти Эрон, дасти Британия аз санъати нафти Эрон қатъ ва ин мавзуъ мунҷар ба оғози хуруҷи тадриҷии британияиҳо аз минтақа шуд.

Миллӣ шудани санъати нафти Эрон ҳамчунин нуқтаи атфе дар таърихи таҳаввулоти сиёсии Ховари Миёна буд, ба тавре ки миллӣ шудани канали Суэс дар Миср низ ба раҳбарии Ҷамол Абдунносир аз миллӣ шудани санъати нафти Эрон илҳом гирифт.