Паёми табрики наврӯзии Путин ба Рӯҳонӣ
Раиси ҷумҳӯрии Русия дар паёме фарорасии иди бостонии Наврӯзро ба раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон табрик гуфт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузорӣ Эронпресс, Владимир Путин дар паёми худ ба Ҳасан Рӯҳонӣ зимни табрики фарорасии иди Наврӯз, навишт : « Итминон дорам, ки густариши рӯзафзӯни ҳамкориҳои созанда дар ҳамаи заминаҳо посухгӯи манофеъи асосии миллатҳои ду кишвар ва дар масири таҳкими суботу амнияти минтақаӣ аст . »
Раиси ҷумҳӯрии Русия афзуд : « Равобити Эрону Русия бар суннатҳои ҳасанаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил устувор мебошад . »
Путин дар паёми худ барои Рӯҳонӣ саломатӣ ва муваффақият ва барои мардуми Эрон комёбӣ ва рифоҳ орзӯ кард.
Бештар бихонед :
-
Рӯҳонӣ дар паёми наврӯзии соли 1400: Истодагии миллати Эрон мӯҷиби шикасти душманон шуд
-
Паёми наврӯзии Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон