Рӯҳонӣ: Умедворем Эрон то поёни 1400 содиркунандаи ваксинаи корона шавад 
(last modified 2021-03-27T11:21:41+00:00 )
Март 27, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Имрӯз Эрон дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вазъияти муносибтаре дар муқобила бо вируси корона дорад
    Рӯҳонӣ: Имрӯз Эрон дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вазъияти муносибтаре дар муқобила бо вируси корона дорад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, вазъи муқобила бо корона дар фасли баҳор бо вуруди ваксинаҳои эронӣ бисёр беҳтар хоҳад шуд ва умедворем Эрон то поёни 1400 содиркунандаи ваксинаи корона шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар аввалин ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона дар соли 1400 бо баёни ин ки ҳамаи талоши давлат маҳори қобили қабули корона ва поёни таҳрим аст, афзуд: Ҳадафи мо дар ҳар ду масъала бояд ақлонияту манофеи миллӣ бошад.

Вай соли 1399-ро бо вуҷуди ҳамагирии корона ва низ таҳриму ҷанги иқтисодии комил, соле сахту пурфарозу нишеб барои миллат тавсиф кард ва гуфт: Аз мардуми азизи Эрон ба хотири мурооти қобили қабули протоколҳо, ҳимоятҳои мақоми муаззами раҳбарӣ ва уламову мароҷеъ ва ба вижа исоргариҳои кадри дармон, ки барои муқобила бо беморӣ аз ҷони худ моя гузоштанд, самимона сипосгузорӣ мекунам.

Рӯҳонӣ изофа кард: Имрӯз Эрон дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вазъияти муносибтаре дар муқобила бо вируси хатарноки корона дорад. Мардум инсофан ва бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки ногузир барои касбу корҳову маишати онҳо пеш омад, дар риояти дастуруламалҳо санги тамом гузоштанд ва агарчӣ дар айёми ид ба таври табиӣ риояти протоколҳо коҳиш ёфт, аммо дар маҷмуъ коҳиши қобили тавваҷуҳи омори сафарҳои наврӯзӣ низ гувоҳи он аст, ки мардум ҳамчунон мурооти вазъиятро мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ваксинатсияро умедворкунанда ва итминонбахш донист ва изофа кард: Ба назарам пайки ин беморӣ бо вуҷуди ҳамаи ҷаҳишҳо тамом шудааст, пайки бемории корона бо тавваҷуҳ ба густариши ваксинатсия рӯ ба нузул аст, шояд мушкилоте дар масир дошта бошем, аммо муқобила бо ин беморӣ нисбат ба авоил осонтар шуда ва дар кишвари мо ҳам бо густариши ваксинатсия ва ба вижа бо дар дастрас қарор гирифтани ваксинаҳои дохилӣ вазъият беҳтар хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп