12 фарвардин Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон
(last modified Wed, 31 Mar 2021 16:16:58 GMT )
Март 31, 2021 21:16 Asia/Dushanbe
  • 12 фарвардин дар Эрон Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ аст
    12 фарвардин дар Эрон Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ аст

Фардо 12 фарвардин, Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ, таҷаллии воқеии хосту иродаи миллати бузурги Эрон дар таҳаққуқи иззати исломӣ ва таъйини сарнавишти кишвар ба дасти мардуми муъмину инқилобии Эрон аст.

Дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (аввали апрели 1979) сабти барги заррине дигар бар таърихи дурахшону тобноки муҷоҳидатҳои истиқлолталабонаву озодихоҳонаи таърихи башарӣ аст, ки метавон ба ҷуръат онро дар таърихи муосир беназир донист.

Миллати Эрон дар нахустин рӯзҳои пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ дар лаббайк ба имом ва муқтадои хеш бо ҳузури огоҳона дар арсаи интихобот ба “Ҷумҳурии исломӣ” раъйи мусбат доданд ва аз ҳамон ибтидо ба ҷаҳониён нишон доданд, ки бар сарнавишти хеш ҳоким ҳастанд.

Дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ миллати Эрон бо ҳузури сарнавиштсози худ дар пойи сандуқҳои раъй дар нахустин интихобот дар таърихи низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамаи дунё нишон дод, ки даврони мудохилаву тасмимгирии бегонагон барои миллати Эрон сипарӣ шудааст ва миллати Эрони босалобат роҳи имому муқтадои хешро, ки ҳамоно раҳоӣ аз султаи бегонагон аст, идома хоҳад дод.

Миллати рашиди Эрон имсол (соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ) низ мекӯшад дар ҷиҳати эътилои низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон ба самти фатҳи қуллаҳои пешрафту адолат гомҳои асосӣ ва сареътаре бардошта ва дар нойил шудан ба аҳдофу ормонҳои инқилоби исломӣ ва расидан ба қуллаи баланди иззату шарофат, дунёро моту мабҳути азамати иродаи росих ва пӯлодини фарзандони ғаюри худ кунад.

 

Бештар бихонед: