Тазриқи ваксинаи коронаи эронии “Ков Порс” ба 94 довталаб
Ваксинаи коронаи эронии муассисаи Розӣ – “Ков Порс” ба 94 довталаб тазриқ шуд.
Ба гузориши ИРНА, Саиди Калонтарӣ, муҳаққиқи аслии корозмоии болинии ваксинаи муасисаи Розӣ –и “Ков Порс” рӯзи чаҳоршанбе гуфт: То ин марҳала ҳеч оризаи муҳиме, ки ниёз ба мудохила ё мутаваққифкунандаи мутолеа бошад, мушоҳида нашудааст.
Калонтарӣ дар бораи охирин вазъияти корозмоии болинии ваксинаи Розии “Ков Порс” афзуд: Аз миёни довталабони дорои шароит то кунун 94 довталаб ваксина шудаанд, ки аз ин теъдод 18 нафар дозаи дувуми ваксинаро низ дарёфт кардаанд ва то поёни ин фаз 39 довталаби дигар бояд ваксина шаванд.
Муҳаққиқи аслии корозмоии болинии ваксинаи Розии “Ков Порс” гуфт: Натоиҷи мутолеа то ин ҷо нишон медиҳад, ки ваксинаи камориза ё беоризае аст ва довталабон ҳатто бо аломатҳое монанди таб ва бадандард азият нахоҳанд шуд.
Калонтарӣ дар мавриди замони поёни фази нахусти корозмоии болинии ваксинаи Розии “Ков Порс” ҳам гуфт: Пешбинӣ мешавад, ки ваксинатсияи 133 довталаби фази аввал то ҳафтаи оянда поён ёбад, аммо таҷзия ва таҳлили додаҳои ин фаз 35 рӯз пас аз охирин довталабе, ки ваксинаи аввалро дарёфт мекунад, анҷом мешавад, бинобарин авохири моҳи оянда фази аввал ба таври комил ба поён мерасад.
Ваксинаи Розии “Ков Порс” -ро муассисаи таҳқиқоти ваксина ва серумсозии Розӣ мутобиқ бо дастуруламали Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тавлид кардааст.
Ваксинаи “Ков Порс” дувумин ваксинаи эронии корона аст.
Корозмоии болинии ваксинаи “Ков Порс” -и муассисаи Розӣ, ки нахустин ваксинаи тазриқӣ - истиншоқии протеини навтаркиби корона аст, 28 феврали 2021 бо тазриқи марҳалаи аввали озмоиши инсонӣ ба 2 довталаби мард оғоз шуда буд.
Бештар бихонед:
- Апартейди ҷаҳонии дору ва мамнӯияти содироти ваксинаи корона аз Аврупо ба дигар кишварҳо
- Рӯҳонӣ: Умедворем Эрон то поёни 1400 содиркунандаи ваксинаи корона шавад