Бозгардондани ашёи торихии Эрон аз Австрия
Апрел 04, 2021 09:14 Asia/Dushanbe
-
28 ашёи торихии Эрон аз Австрия ба Теҳрон мунтақил шуд
28 ашёи торихии Эрон, ки ба сурати ғайриқонунӣ аз ин кишвар хориҷ шуда буд, аз Австрия ба Теҳрон мунтақил шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо,ин ашё рӯзи шанбе бо ҳамоҳангии вазоратхонаҳои хориҷа ва мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба сурати бори дипломатӣ ба Теҳрон мунтақил шуд .
Ин ашё пас аз кашфи полиси Австрия дар чорчуби ҳамкории қазоии байни ду кишвар ба сафорати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Вена супурда шуд ва пас аз таи марҳилаҳои қонунӣ ва идорӣ ба Эрон мунтақил шуд.
Бештар бихонед :
Барчасп