Апрел 08, 2021 16:39 Asia/Dushanbe
  • Генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ-раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дидор кард
    Генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ-раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дидор кард

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дидорb вазири дифои Тоҷикистон аз эҷоди гурӯҳи кории муштараки дифоӣ-низомии ду кишвар хабар дод.

   Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар хусуси тавофуқҳои ҳосилшуда аз дидораш бо вазири дифои ҷумҳӯрии Тоҷикистон гуфт : « Бо оғози фасли баҳор мизбони вазири дифои кишвари дӯсту ҳамсояи ҷумҳӯрии Тоҷикистон будем ва дар ин сафар пояҳои тавсеъаи равобити низомии ду кишвар гузошта шуд .»

    Сарлашкар Боқирӣ афзуд : «Ҳамчунин муқарар шуд, то гурӯҳи кории муштараки байни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар эҷод шавад ва ин  коргурӯҳ ояндаи равобити низомӣ ва дифоиро муайян ва барномарезӣ кунад . »

 Сарлашкар Боқирӣ идома дод : «Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз маҷмӯъаҳои саноъати дифоии кишвари мо боздид доштанд ва дар нишасти имрӯз ҳам дар бораи гурӯҳҳои кории мухталиф дар ҳавзаи низомӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои омӯзишӣ ва ғайра музокира шуд . »

    Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : «Қатъан ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи Эрону Тоҷикистон дар афзоиши амнияту суботи минтақа, тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва истифода аз таҷрибаҳои ду кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт ва ин сафар сароғози тавсеъаи равобити низомӣ ва дифоии байни ду кишвар аст . »

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп