Кӯҳҳои миррихии Чобаҳор; падидаи шигифтангез бо шӯҳрати ҷаҳонӣ дар Эрон
(last modified Mon, 12 Apr 2021 04:22:13 GMT )
Апрел 12, 2021 09:22 Asia/Dushanbe

Кӯҳҳои миниатурӣ ё миррихӣ аз ҷойҳои диданӣ ва бахше аз табиати зебоии Чобаҳор дар устони Сиистону Балучистон аст .

  Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ҳудуди 50 километр аз ҷодаи Чобаҳор ба самти бандари Гуотур, кӯҳҳои зебои миррихӣ дар самти чапи ҷода дида мешавад . Кӯҳҳои миррихии Чобаҳор аз беназиртарин кӯҳҳои Эрон бо шӯҳрати ҷаҳонӣ буда ва барои гардишгарони хориҷӣ шинохта шудааст .

   Ранги кӯҳҳои миррихии Чобаҳор сафеду кабудфом ва ин кӯҳҳо дар торикии шаб бениҳоят зебост . Навъҳои гуногуни боқимондаҳои ҳайвоноти дарёӣ дар байни кӯҳҳои миррихӣ қобили мушоҳида буда ва ин мавзӯъ нишон медиҳад ин минтақа қаблан зери об будааст .

  Пешинаи кӯҳҳои миррихии Чобаҳор беш аз 5 миллион сол эълом шудааст . Баландии кӯҳҳои миррихии Чобаҳор тағйирёбанда аст ва аз 5 метр то беш аз 100 метр дар миёни онҳо пайдо мешавад.