"Амният, танавуъ ва меҳмоннавози" қиссаи сайёҳи ҷопонӣ дар бораи ҷомеа ва занони Эрон; Дуруғҳои калони матбуоти ғарбро фош кард
(last modified 2024-10-14T04:59:37+00:00 )
Октябр 14, 2024 09:59 Asia/Dushanbe
  • \\\
    \\\"Амният, танавуъ ва меҳмоннавози\\\" қиссаи сайёҳи ҷопонӣ дар бораи ҷомеа ва занони Эрон; Дуруғҳои калони матбуоти ғарбро фош кард

Порс тудеӣ- кк сайёҳи ҷопонӣ, ки ба Эрон сафар карда буд, дар бораи шеваи зиндагии занони эронӣ ва чи фарқи он аз зиндагии занони ҷопониро баён кард.

Канаи Макӣ, сайёҳи ҷопонӣ, ки нависанда, рассом ва пажӯҳишгари фарҳанг аст, барои севвуминбор ба Эрон омад. У ҳар дафъа тақрибан аз 2 то 3 ҳафта дар Эрон мемонад лар ин матлаб аз Порс тудеӣ порае аз достони ин сайёҳи ҷопонӣ аз Эронро мутолиа хоҳед кард.

Канаи Макӣ мегуяд, ки қабл аз сафараш ба Эрон хонаводааш зери таъсири хабарҳои расонаҳои ғарбӣ қарор гирифта ва онҳо ба ҳадде уро нигарон кардаанд, ки таъкид кардаанд, ки дар ин ҷо чизе барои хурдан нест ва беҳтар аст, ки ин сафар лағв шавад, аммо ӯ ба Эрон сафар мекунад ва мегӯяд: Ба худ гуфтам, вақте аз Эрон бармегардам, ба онҳо мефаҳмонам, ки ин ҷо чизе нест, ки шумо мехоҳед ва надоред.

Канаи Макӣ, ки ба беш аз 36 кишвари ҷаҳон сафар кардааст, мегӯяд, пас аз чанд сафараш ба Эрон нисбат ба ин кишвар таассуф кардааст ва дар муқобили баёнияҳое, ки ноамнӣ, гуруснагӣ, таҳримҳо ва бисёре аз таърифҳои манфии бисёре аз Эрон мекунанд истодаги мекунанд ва хоҳад кард.

Вай муътақид аст, ки он чи дар воқеияти ҷомеъаи Эрон вуҷуд дорад, аз он чизе, ки расонаҳо мехоҳанд дар хабар тасвир кунанд, фосила дорад у мегӯяд:

Мардуми ҷаҳон бояд аввал ба Эрон сафар кунанд ва баъд қазоват кунанд.

Ин сайёҳи ҷопонӣ, ки дар кучаву хиёбонҳои Теҳрон сайру гашт кардааст, мегӯяд: Аз дидани бозори Теҳрон ҳаргиз хаста намешавам ин як муҳити зинда бо одамоне аст, ки ба назар кори худро дӯст медоранд.

Ба гуфтаи Канои Макӣ, муҳимтарин вижаги мардуми эронӣ меҳмоннавозӣ аст у мегӯяд:

Мардуми эронӣ дар нахустин мулоқот равобити гарме барқарор мекунанд ва ҳамеша омодаи кумак ва раҳнамоӣ ҳастанд.

Канаи Макӣ дар бораи вазъи занон дар Эрон чунин тавзеҳ медиҳад: Вақте ки шумо ба занони эронӣ аз дур менигаред, зери таъсири хабарҳо ва ончи аз инҷо шунидаед, занони эрониро дар як заминаи ягона мебинед, аммо вақте ки шумо ба ҷамъи онҳо  наздик мешавед, бо онҳо иртибот барқарор мекунед ва дар канори занони инҷо зиндагӣ мекунед танавуъ аз сабки зиндагӣ мебинед, ки бисёр ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Ҳарчанд шумо занони ҷопонро аз як паҳлӯи баланд дар чорчӯбаҳои гуногуни равонӣ мебинед, аммо вақте ба умқи зиндагии онҳо ворид мешавед, мебинед, ки аксари онҳо ба як гурӯҳи ягона тааллуқ доранд ва ба анъанаҳо вобастаанд.

Ин сайёҳи ҷопонӣ низ дар бораи амнияти занон дар Эрон мегӯяд:

Ҳамчун зан борҳо буд, ки шабҳо дар кучаҳои Теҳрон танҳо гаштугузор кардаам ва ҳар дафъа бехатарии комилро эҳсос мекардам. Шояд шумо ба ин эҳсос бовар накунед, аммо ман онро дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто Амрико надоштам.

Барчасп