Паёми Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати оғози моҳи Рамазон
(last modified Tue, 13 Apr 2021 17:14:53 GMT )
Апрел 13, 2021 22:14 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ оғози моҳи Рамазонро ба раҳбарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт
    Рӯҳонӣ оғози моҳи Рамазонро ба раҳбарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар номаҳои ҷудогонае ба сарони кишварҳои исломӣ, оғози моҳи мубораки Рамазонро табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар паёме ба сарони кишварҳои исломӣ, бо табрики ҳулули моҳи мубораки Рамазон афзуд: Умедворам ба воситаи хайру раҳмати илоҳӣ дар ин моҳи нуронӣ мусулмонони ҷаҳон бо такя бар донишу имони донишмандони мутааҳҳиди худ битавонанд дар канори дигар кишварҳои ҷаҳон масири контроли вируси хатарноки коронаро ҳамвор ва номи худу Исломро дар ин арса низ ба некӣ сабт кунанд ва муҷиби бозгашти зиндагии башар ба риволи оддӣ шаванд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки мусулмонони ҷаҳон, ба вижа сарони кишварҳои исломӣ ба воситаи ин моҳи нуронӣ бо ҳамдилӣ ва ваҳдати бештар, заминаи рушду эътилои Ислом дар саросари ҷаҳонро беш аз гузашта фароҳам кунанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон моҳи Рамазонро фурсат ва маҷоле донист то мусулмонони ҷаҳон ва ба вижа бандагони солеҳу рӯзадорони мухлис бо ибодату худсозӣ, тазкияи нафсу парҳез аз гуноҳон, тақво пеша кунанд ва масири қурбу камоли илоҳиро дар ин моҳи шариф беш аз ҳамеша дар пеш гиранд.

Фардо (чаҳоршанбе) дар Эрон аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон аст.

 

Бештар бихонед: