Мероси Аттори Нишопурӣ дар замони мо
25 фарвардинмоҳ дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон "Рӯзи бузургдошти Аттори Нишопурӣ" номгузорӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон Саид Аббоси Солеҳӣ дар паёме ба муносибати 25 фарвардин ( 14 апрел ) рӯзи бузургдошти Аттори Нишопурӣ навишт: «Аттор дар марзи осмону замин, миёни шӯру ваҷди орифона ва ҳунармандона ва дараку таъаҳҳуди инсонӣ, дар таъодули шигифтангез аст; нукта ин аст, ки метавонад сармашқи асҳоби фикр, фарҳангу ҳунар дар замонаи кунунӣ қарор гирад.»
Солеҳӣ дар паёми худ илова кардааст: «Аттори Нишопурӣ шахсест, ки бо осори гаронбаҳо ва мондагор, аз ғазалиёти пуршӯр гирифта то Тазкираи ал-Авлиёи мансураш ва аз Мухторномаи нағзаш гирифта то маснавиҳои бадеъ ва пурмағзаш ҳамчун Мантиқут-Тайр ва Илоҳинома, Асрорнома ва Мусибатномаи худро ба шоистагӣ ва некуӣ бар ҷаридаи олами маъно ва маърифати инсонӣ ба ҷовидонӣ ва моноӣ рақам зада ва дар ин водӣ ориф ва омиро вомдору миннатпазири хеш сохтааст.»
Вазири фарҳанги Эрон аз талошҳои илмӣ ва адабии олимон ва муҳаққиқони Атторшинос, бавижа талошҳои Атторшиноси бузург, профессор доктор Муҳаммадризо Шафеи Кадканӣ, ки умри гаронбаҳояшро бар сари тасҳеҳ ва интишори осори он бузург сарф кардааст, аз талоши баргузоркунандагони ойинҳои бузургдошти Аттори Нишопуриро ба ҳамаи дӯстдорони осор ва мафохири фарҳанги Эрони бузург , ба вижа асҳоб ва аҳли шеър, адабиёт ва дониши эронӣ ва исломӣ дар ҷаҳон табрик гуфт.
Фаридуддин Абуҳомид Муҳамамди Аттори Нишопурӣ ( 540 - 618 қамарӣ ва 1146 - 1224 милодӣ ) яке аз орифону шоирони эронии баландовозаи адабиёти форсист, ки дар Кадкан аз бахшҳои Нишопур дар он рӯзгор, таваллуд шуд.
Ӯ яке аз пуркортарин шоирони Эрон ба шумор меравад ва дар заминаи ирфонӣ низ аз мартабаи боло бархурдор буд.
Бештар бихонед: