Ҳамдардии вазири фарҳанги Тоҷикистон бо хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаи террористии Кирмон
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон дар Душанбе маротиби тасалият ва ҳамдарди худро ба мардуми Эрон ва бастагони шаҳидони фоҷеаи Кирмон иброз дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Зулфия Давлатзода-вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз бо Алиризо Ҳақиқиён-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин кишвар мулоқот кард.
Ҳақиқиён дар ин дидор бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон ва азми раҳбарони олии ду кишвар барои тақвият ва таъмиқи муносибот дар ҳавзаҳои мухталифи ҳамкорӣ, изҳор дошт, ки хушбахтона равобити фарҳангии ду кишвар бо пуштвонаҳои ғанӣ ва мероси муштарак дар солҳои ахир густариши хубе доштааст ва тарафи эронӣ омодагии комил барои афзоиши ҳамкориҳо дар ҳама ҳавзаҳои фарҳангӣ дорад.
Давлатзода ба навбати худ бо ишора ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар солҳои ахир, изҳор дошт, ки дар ростои сиёсатҳои калони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг талош дорад, то ҳамкориҳои худро бо кишвари дӯсту бародари Эрон дар ин бахш густариш диҳад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон тайи ин дидор зимни ишора ба ҳодисаи дардноки террористии рӯзи гузашта дар гулзори шуҳадои Кирмон, маротиби тасалият ва ҳамдардии худро ба сафири ва мардуми шарифи Эрон ва хонавода ва хешовандони шуҳадои ҳодисаи мазкур иброз дошт ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил орзу кард.