Апрел 14, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 65 ҳазору 359 нафар расид
    Теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 65 ҳазору 359 нафар расид

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон шумори ҷонбохтагони корона дар ин кишварро дар шабонарӯзи гузашта 304 тан эълом кард.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо фавти ин 304 нафар, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 65 ҳазору 359 нафар расид.

Дар шабонарӯзи гузашта ҳамчунин 25 ҳазору 582 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид – 19 дар Эрон шиносоӣ ва се ҳазору 98 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Дар маҷмуъ то кунун ду миллиону 143 ҳазору 794 нафар дар Эрон ба бемории корона мубтало шудааст, ки аз ин теъдод як миллиону 739 ҳазору 2 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед: