Апрел 18, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Персполиси Теҳрон ва Фулоди Хузистон ҳарифони қатарӣ ва урдунии худро шикаст доданд
    Персполиси Теҳрон ва Фулоди Хузистон ҳарифони қатарӣ ва урдунии худро шикаст доданд

Тимҳои футболи Персполиси Теҳрон ва Фулоди Хузистон дар марҳалаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонони Осиё шаби гузашта муваффақ шуданд, ҳарифони қатарӣ ва урдунии худро шикаст диҳанд.

Тими футболи Персполиси Эрон дар дувумин бозии худ аз марҳалаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонони Осиё дар иёлоти Гуваи Ҳиндустон ба масофи Алриёни Қатар рафт ва муваффақ шуд, 3 як ҳарифи қатарии худро шикаст диҳад.

Дар натиҷаи ин бозӣ сурхпушон дар гурӯҳи панҷуми лигаи қаҳрамонони Осиё 6 имтиёзӣ шуданд.

Тими Фулоди Хузистони Эрон ҳам муваффақ шуд, Алваҳдоти Урдунро бо як бозии ҳисобшуда ва бо натиҷаи як бар сифр шикаст диҳад.

Дар дигар бозии тимҳои эронӣ дар марҳалаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонони Осиё ҳам тими Тракторсозии Эрони муқобили мизбони худ Алшорҷаи Иморот ба тасовии бидуни гул ризоят дод.

Ин ду тим дар Варзишгоҳи Шорҷаи Иморот ба масофи ҳам рафтанд ва аз ин бозӣ ҳар кадом як имтиёз касб карданд.

Аз маҷмуаи ин бозиҳо имшаб низ тими истиқлоли Теҳрон дар дуҷвумин дидори худ дар лигаи қаҳрамонони Осиё ба масофи Алшартаи Ироқ меравад.

 

Барчасп