Паёми таслияти Раҳбари муъаззами инқилоб дар паи даргузашти сардор Ҳиҷозӣ
(last modified Mon, 19 Apr 2021 09:06:17 GMT )
Апрел 19, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шодравон сардор Сайидмуҳаммади Ҳиҷозиро нерӯи дар хизмати ислому инқилоб хонданд
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шодравон сардор Сайидмуҳаммади Ҳиҷозиро нерӯи дар хизмати ислому инқилоб хонданд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти сардори пурифтихор Сайидмуҳаммади Ҳиҷозиро таслият гуфтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паёми Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ омадааст : « Бо таъассуфи фаровон хабари даргузашти сардори пурифтихор, сардор Сайидмуҳаммади Ҳиҷозӣ(ризвонуллоҳи алайҳ)-ро дарёфт кардам . Умри саропо муҷоҳидат, фикри пӯё, дили саршор аз имони ростину оканда аз ангезаву азми росих ва нерӯии яксара дар хизмати ислому инқилоб; хулосае аз шахсияти ин муҷоҳиди фисабилуллоҳ аст . » 

Ишон дар паёми худ афзуданд: «Ӯ дар масъулятҳои бузургу асаргузор дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хизмат карда ва дар ҳамаи онҳо сарбаланд ва муваффақ будааст. Фиқдони ӯ ҳаққан моя таъассуфу андӯҳ аст. Лозим медонам ба ҳамсари гиромӣ ва фарзандону дигари афроди хонадон ва ба дӯстону ҳамкорони ишон самимона таслият арз кунам ва сабру тасалло барои онон аз Худованди мутаъол  масъалат намоям . Раҳмату мағфират ва ризвони илоҳӣ бар ин бародари фақид бод.»

Сардор Сайидмуҳаммади Ҳиҷозӣ-ҷонишини фармондеҳи нерӯии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи якшанбе дар синни 65 солагӣ даргузашт .

 

  Бештар бихонед :