Улянов: фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон шикаст хӯрдааст
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена бо таъкид бар лузӯми эҳёи комили БарҶом гуфт, сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон шикаст хӯрдааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи “Твиттер”-и худ аз ҳимояти ҳамаи кишварҳо аз эҳёи БарҶом хабар дод.
Даври панҷум аз 18-умин нишастҳои Камиссиюни муштараки Бар Ҷом рӯзи гузашта (сешанбе) дар Вена баргузор ва қарор шуд, гуфтугӯҳо дар ҳафтаи оянда идома ёбад.
Саидаббоси Ироқчӣ, раиси ҳайати эронӣ дар ин нишаст бо таъкиди муҷаддад бар усӯлу мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот бо БарҶом, раванди кунӯнии гуфгугӯҳоро ба вуҷуди душвориҳо ва чолишҳои мавҷӯд, рӯ ба ҷилав арзёбӣ кард.
Ироқчӣ дар айни ҳол таъкид кард, ки ҳайати эронӣ ҳар замон, ки раванд гуфтугӯҳо ба самти зиёдахоҳӣ, вақткушӣ ва чоназаниҳои ғайримантиқӣ биравад, гуфтугӯҳоро мутаваққиф хоҳад кард.
Ҳафтаи оянда нишасти Камиссиюни муштараки БарҶом аз сар гирифта мешавад.
Бештар бихонед:
- Поёни нишасти Камиссиюни муштараки БарҶом дар Вена
- Улянов: Эрон то лағви таҳримҳо бо Амрико музокираи мустақим нахоҳад дошт
- Улянов: Амрико ба сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон поён диҳад