Мамнуият ва маҳдӯдиятҳои коронаии парвоз аз Эрон ба 42 кишвар
Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон эълом кард, бо тавваҷуҳ ба густариши вируси корона дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои парвоз аз Эрон ба 42 кишвар мамнуият ва маҳдӯдиятҳои коронаӣ барқарор аст.
Муҳаммадҳасани Зибахш, сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, гуфт, аз байни ин 42 кишвар сафар ба 15 кишвар ба унвони кишварҳои бо вазъияти вижа, комилан мамнӯъ аст.
Вай афзуд, бар ин асос, аз Эрон сафар ба Ҳинд, Покистон, Фаронса, Ботсвана, Бразилия, Ҷумҳурии Чехия, Ироқ, Эстония, Ирландия, Лесото, Малавӣ, Мозамбик, Словакия, Афрмқои Ҷанубӣ ва Замбия ба унвони кишварҳои дорои шароити вижа мамнӯъ аст, ҳарчанд барои дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо риояти шароит ва протоколҳои коронаӣ истиснооте вуҷӯд дорад.
Ба гуфтаи сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон, феҳристи 27 кишвар низ ба унвони кишварҳои пурхатар дар назар гирифта шудааст, ки бо шароити хос аз ин кишварҳо мусофир пазириш мешавад.
Зибахш изофа кард, вурӯд ба Эрон барои мусофирон аз кишварҳои пурхатар ба лиҳози шароити коронаӣ фақат бо ироаи озмоиши манфии Ковиди 19 имконпазир аст.
Бештар бихонед:
- Марги 434 нафари дигар бар асари ибтило ба корона дар Эрон
- Азсаргирии парвозҳо миёни Эрону Қирғизистон
- Русия маҳдӯдияти парвозҳои хориҷиро лағв мекунад