Май 02, 2021 16:04 Asia/Dushanbe
  • Вуруди бузургтарин маҳмулаи ваксинаи корона ба Эрон
    Вуруди бузургтарин маҳмулаи ваксинаи корона ба Эрон

Дабиркулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, аз вуруди бузургтарин маҳмулаи ваксинаи корона ба кишвар хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, " Муҳаммадҳасан  Ғусиён Муқаддам",  дабири кулли Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон, гуфт: бузургтарин маҳмулаи ваксини коронаро Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон  имрӯз  якшанбе  вориди кишвар кард. 

 Дабиркулли Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон  афзуд: Ин маҳмулаи ваксинаи корона ба мизони як миллион доза аз тариқи ҷамъияти Салиби сурхи Чин имрӯз  вориди фурудгоҳи Имом  Хумайнӣ ( раҳ ) шуд. 

Пеш аз ин ваксинаҳои корона  шомили Спутник V  Русия,  Ковацсини Баҳорати Ҳиндустон ва Astrazenka Oxford, барои истифодаи изтирорӣ дар Эрон иҷозатнома гирифтаанд. 

Ваксинатсияи корона дар Эрон, бар асоси санади миллии ваксинатсияи Ковиди 19 мусавваби ситоди миллии муқобила бо корона анҷом мешавад.   
  


Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин рӯзи шанбе эълом кард: токунун 889 ҳазору 95 нафар дар кишвари дозаи аввали ваксинаи корона ва 211 ҳазору 822 нафар низ дозаи дувумро тазриқ карданд ва ваксинатсия шуданд. 
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп