Рӯҳонӣ : Рӯзи ҷаҳонии Қудс-рӯзи ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин аст
-
Раиси ҷумҳӯрии Эрон бо баёни инки фардо ҷумъа- рӯзи ҷаҳонии Қудс аст, гуфт : Ин рӯзро пос медорем ва барои озодии Қудс дуъо мекунем
Раиси ҷумҳӯри исломии Эрон таъкид кард: Рӯзи Қудс-рӯзи ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин аст ва умедворем ба зӯдӣ ҷиҳоди мардуми ин сарзамин ба пирӯзӣ табдил шавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи тарҳҳои миллии вазоратхонаҳои улӯм ва омӯзишу парвариш бо ишора ба рӯзи Қудс гуфт : Фаластиниҳо дар кишварҳои мухталиф овора ва дар шароити сахтӣ зиндагӣ мекунанд ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ ба онҳо таваҷҷуҳе надорад . Раиси ҷумҳӯрии Эрон бо баёни инки саҳюнистҳо ҳамчунон ба ғасби сарзаминҳои Фаластин идома медиҳанд ,афзуд : Миллати бузурги Эрон ва Имом Хумайнӣ ( р ) ҷумъаи охири моҳи Рамазонро ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом карданд, ки ёдовари ҳуқуқи миллати Фаластин аст . Ба гуфтаи Рӯҳонӣ : Бозпасгирии Қудси азиз мавриди тавваҷуҳи ҳама мусулмонон буда ва умедворем мардуми Фаластин дар ин ҷиҳод ба пирӯзӣ ва мусулмонон ба орзӯи деринашон бирасанд .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон бо баёни инки фардо ҷумъа- рӯзи ҷаҳонии Қудс аст, гуфт : Ин рӯзро пос медорем ва барои озодии Қудс дуъо мекунем ва аз баёноти Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳамагон истифода хоҳем кард .
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои илмӣ дар Эрон гуфт : Омор нишон медиҳад, ки дар заминаи навоварӣ ва ширкатҳои донишбунён шоҳиди як таҳаввули бисёр бузург ҳастем .
Бештар бихонед :
- Пуйиши ҳимоят аз Қудси шариф дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс
-
Рӯзи Қудс намоди истимрори муқовимати миллати мазлуми Фаластин