Онҳое, ки дил дар гарави Афғонистон доранд ба бародаркушӣ поён диҳанд
(last modified Sun, 09 May 2021 11:24:16 GMT )
Май 09, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Доғдори духтарони маъсум ва рӯзадоре ҳастем, ки қурбонии такфириҳои ДИИШ шуданд
    Зариф: Доғдори духтарони маъсум ва рӯзадоре ҳастем, ки қурбонии такфириҳои ДИИШ шуданд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар вокуниш ба инфиҷори террористӣ дар Кобул навишт: Замони он расидааст, ки тамоми онҳое, ки дил дар гарави ислом ва Афғонистон доранд, ба бародаркушӣ поён диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, вазири умури хориҷаи Эрон "Муҳаммадҷаводи Зариф "   рӯзи якшанбе дар паёми  Твиттерӣ дар вокуниш ба ҳодисаи террористӣ дар яке аз мадориси духтаронаи Кобул навишт: Замони он расидааст, ки тамомии онҳое дил дар гарави ислом ва Афғонистон доранд, ба бародаркушӣ поён диҳанду якпорчаи арсаро бар ДИИШ-ёни беватан танг кунанд. 

Зариф дар идома навишт: Доғдори духтарони маъсум ва рӯзадоре ҳастем, ки мазлумона қурбонии такфириҳои ДИИШ-ӣ шуданд; такфириҳое, ки нишон доданд бо ислом ва инсоният бегонаанд.  

Дар инфиҷоре, ки рӯзи шанбе дар муқобили мадрасаи Саид-уш-шуҳадо дар ғарби Кобул рӯй дод даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд,ки бештари онҳо донишомӯзон буданд. 

 Асри рӯзи гузашта дар ҳамлаи террористҳо ба мадрисае дар ғарби Кобул  55 тани кушта ва 151 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки бештари онон аз донишомӯзон ҳастанд.

 

Бештар бихонед: