Октябр 25, 2016 14:17 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии Рӯҳонӣ аз раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина расман истиқбол кард.

Ба гузориши ИРНА, Боқир Иззат Бегович, раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина имрӯз -сешанбе дар маҷмӯаи фарҳангӣ-таърихии Саъдободи Теҳрон мавриди истиқболи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифт.

Бегович пас аз истиқболи расмӣ, бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Дидор бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, сафар ба устони Исфаҳон ва боздид аз осори бостонии ин устон, аз дигар барномаҳои сафари Бегович ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом шудааст.

Раиси Шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина асри дирӯз ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар садри ҳайате барои сафари чаҳоррӯза вориди Теҳрон шуд.

Аз сӯйи дигар, соъули ниниста Саули Ниинисте, раиси ҷумҳурии Финляндия низ бомдоди имрӯз ба даъвати расмии раиси ҷумҳурии Эрон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд ва қарор аст бо Рӯҳонӣ ва дигар мақомҳои баландпояи эронӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Сафари раиси ҷумҳурии Финляндия ба Теҳрон бо ҳадафи музокироти дуҷониба ва афзоиши мубодилоти иқтисодӣ сурат мегирад.